Посольство Республики Таджикистан в Украине

  • Home
  • Ukraine
  • Kyiv
  • Посольство Республики Таджикистан в Украине

Посольство Республики Таджикистан в Украине Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Посольство Республики Таджикистан в Украине, Government Building, Зверинецкий переулок, дом 3, Kyiv.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр01.05.2...
01/05/2022

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

01.05.2022 08:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва осоишу ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон, дар баробари адои фаризаҳои динӣ, ба хотири ободии Ватан ва осудагии рӯзгори ҳар як хонадони мамлакат софдилона заҳмат кашиданд ва суннатҳои неки миллиамон – дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону шахсони бесаробонро вусъат бахшиданд.

Воқеан, ҳикмат ва фазилати моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр тарбияи инсони солеҳу хайрхоҳ ва ғамхору савобҷӯй мебошад.

Имсол мо иди суннатии мардуми мусулмон – иди саиди Фитрро дар даврае истиқбол мегирем, ки дунёи муосир дар шароити бисёр буҳрониву муташанниҷ ва ҷомеаи башарӣ дар яке аз вазнинтарин солҳои таърихи худ қарор дорад.

Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст.

Чунин вазъи нобасомон боиси буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст.

Бар замми ин, мушкилоти глобалӣ – тағйирёбии иқлими сайёра ва оқибатҳои он – камобӣ, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ, инчунин, идома пайдо кардани пандемияи КОВИД – 19 боиси камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот ва хизматрасониҳо гардидааст.

Дар чунин шароит мо бояд шукронаи истиқлолу озодии Ватанамонро ба ҷо оварем, ба қадри неъмати бузурги бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастовардаамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Барои пешгирӣ кардани таъсири манфии вазъияти баамаломада ва омилҳои зикршуда ба зиндагиву рӯзгори халқамон ва таъмин намудани рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамон мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои фаровони табиии кишварамон – замин ва обро таъмин кунем ва ҳарчи зиёдтар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоем.

Ҳамчунин, мо бояд манфиатҳои милливу давлатии худро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, тамоми саъю кӯшиши хешро барои ободии Тоҷикистони биҳиштосоямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон равона кунем.

Дини мубини ислом, ки саршор аз аҳкому андешаҳои панду ахлоқист, ҳар як мусулмонро ба анҷом додани амалҳои неку савоб ҳидоят менамояд.

Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботу амният низ, махсусан, дар шароити мураккабу хатарзои имрӯза аз ҷумлаи амалҳои неку писандида мебошад.

Худованди мутаол дар сураи «Иброҳим» ояти ҳафти Қуръони маҷид мефармояд: «Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби ман сахт аст».

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки шукр кардан, танҳо бо забон намешавад, балки бо рафтору амали оқилона, саъю талоши ватандӯстона ва бо андешаву ташаббуси созанда, эҷодкорона ва ободгаронаи ҳар яки мо собит мегардад.

Ба ин маънӣ дар як ҳадиси Пайғамбари ислом низ омадааст, ки дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст.

Бинобар ин, ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси ҷомеа, ки фардои Ватан, давлат ва миллат барояш азиз аст, аз ҷумла аҳли маориф, зиёиён, фаъолон, падару модарон, хизматчиёни давлатӣ, инчунин, ходимони динро зарур аст, ки наврасону ҷавонони кишвар, яъне насли ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки истиқлолу озодӣ ва гиромӣ доштани таърих, забон ва фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд, тарбия намоянд.

Бори дигар таъкид мекунам, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат тарбия кардан ва ба камол расонидани насли соҳибмаърифат, содиқ ба Ватан, миллат ва давлати худ, босаводу донишманд, созандаву эҷодкор ва инсонпарвару заҳматдӯст мебошад.

Зеро дар оянда танҳо шахсони босаводу таҳсилкарда, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ва ихтироъкору навовар метавонанд кишварро соҳибӣ карда, Ватанро обод ва давлатро пешрафта гардонанд.

Хотирнишон менамоям, ки дар шароити пурҳаводису пурмоҷарои ҷаҳони муосир аҳли ҷомеаи мо ва махсусан ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар гуна андешаву ақидаҳои носолиму ифротӣ дода нашаванд, бо ҳисси баланди миллӣ ва садоқат ба Ватан барои ҳифзи арзишҳои миллӣ саъю талош намоянд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки дар оянда Ватанамонро ба ҷуз онҳо, яъне фарзандони замони истиқлол каси дигар обод намекунад.

Ҳамчунин, мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар пояи одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва пеш аз ҳама, иззату икроми падару модар ва калонсолон ба воя расонем.

Ҳамватанони азиз!

Дар арафа ва рӯзи иди саиди Фитр анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.

Дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, як масъаларо хотиррасон менамоям, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш намоем.

Ҳамватанони азизи мо дар соли ниҳоят душвору вазнини таърихи башар, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.

Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем.

Бовар дорам, ки ҳамватанони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани иқдомоту ташаббусҳои созандаву ободгарона фаъолона ширкат менамоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломатӣ, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

http://tajemb.kiev.ua/tajikistannews/payomi-shodboshii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-mu-taram-emomal-ra-mon-ba-munosibati-idi-saidi-fitr/

11/04/2022

БА ДИҚҚАТИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА УКРАИНА!

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки шурӯъ аз 4 апрели соли 2022 Сафорат ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунад. Шанбе ва якшанбе рузҳои истироҳат мебошанд.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/ba-di-ati-sha-rvandoni-um-urii-to-ikiston-va-ukraina/

ДО УВАГИ ГРОМАДЯН РЕСПУБЛІКИ ТАДЖИКИСТАН ТА УКРАЇНИ!

Посольство Республіки Таджикистан в Україні повідомляє, що починаючи з 4 квітня 2022 року Посольство працює у звичайному режимі. Субота та неділя вихідні.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/ba-di-ati-sha-rvandoni-um-urii-to-ikiston-va-ukraina/

ВНИМАНИЮ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И УКРАИНЫ!

Посольство Республики Таджикистан в Украине сообщает, что начиная с 4 апреля 2022 года Посольство работает в обычном режиме. Суббота и воскресенье выходные.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/ba-di-ati-sha-rvandoni-um-urii-to-ikiston-va-ukraina/

28/02/2022

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина

Бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти зеринро ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад.

Дар ҳудуди Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки 101 нафар аз онҳо донишҷӯ мебошанд.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳолати 09:00 рӯзи 28 феврали 2022 теъдоди чунин шаҳрвандон зиёда аз 200 нафарро ташкил дод, ки аз он 76 шаҳрванд ба Лаҳистон ва 45 шаҳрванд ба Молдова мустақилона сафар намуданд.

Телефони тамоси Сафорат дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +380933361040 фаъолият мекунад, ки тариқи он дипломатҳои тоҷик доир ба масъалаи бозгашти шаҳрвандон тариқи кишварҳои сеюм мусоидати фаврии консулӣ мерасонанд.

Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни барасмиятдарории раводид ба муҳлати маҳдуд, то 14 рӯз сафар намоянд. Дар баробари ин, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷатҳои дахлдор дошта бошанд.

Дар сарҳади Украина-Лаҳистон 8 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ - “Шегини”, “Рава-Русская”, “Ягодин”, “Устилуг”, “Краковетс”, “Угринов”, “Смолнитса” ва “Грушев” амал мекунанд.

Дар сарҳади Украина-Молдова 7 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз қабили “Паланка-Маяки”, “Ҷурҷулешти-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” ва “Тудора-Староказаче” фаъол мебошанд.

Дар сарҳади Украина-Руминия 10 нақтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла “Ҷурҷулешти-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албитса”, “Скулен-Яси”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” ва “Атаки-Могилёв-Подолский” амал мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аллакай дар ҳудуди Лаҳистон, Руминия ва Молдова қарор доранд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд бо шахсони масъули намояндагиҳои дипломатии зерин дар тамос бошанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) хатти алоқаи доимии рақами +380933361040;
Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) хатти алоқаи доимии рақами +4915238204875, WhatsApp +992988613755;
Сафорати Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар Вена) хатти алоқаи доимии рақами +436604806878 WhatsApp.
Аз шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд хоҳиш карда мешавад, то дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ҳолати ҳарбиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

https://www.mfa.tj/tg/main/view/9743/vnimaniyu-grazhdan-tadzhikistana-v-ukraine

Вниманию граждан Таджикистана в Украине

В связи с происходящими в Украине событиями, введенным военным положением на всей территории страны и закрытием воздушных границ, Министерство иностранных дел доводит до сведения граждан Таджикистана следующее.

На территории Украины находятся около 4 тысяч граждан Таджикистана, из них 101 студент.

Посольством Таджикистана в Украине ведется список граждан страны, изъявивших желание и планирующих вернуться на Родину. По состоянию на 09:00 утра 28 февраля количество таких граждан составило более 200 человек, из которых 76 граждан самостоятельно выехали в Польшу и 45 граждан – в Молдову.

В круглосуточном режиме работает горячая линия Посольства в Киеве по номеру +380933361040, посредством которой таджикские дипломаты оперативно окажут консультативное содействие в вопросе возвращения наших граждан через территории третьих стран.

В настоящее время граждане Таджикистана могут выехать из Украины в Польшу, Румынию и Молдову без оформления виз на ограниченный срок пребывания, как правило на 14 дней. При этом гражданам Таджикистана необходимо иметь при себе документы, удостоверяющие их личность документы, а также другие документы.

На украинско-польской границе действуют 8 контрольно-пропускных пунктов - "Шегини", "Рава-Русская", "Ягодин", "Устилуг", "Краковец", "Угринов", "Смольница" и "Грушев".

На украинско-молдавской границе действуют 7 контрольно-пропускных пунктов - “Паланка-Маяки”, “Джурджулешты-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” и “Тудора-Староказаче”.

На украинско-румынской границе действуют 10 контрольно-пропускных пунктов - “Джурджулешты-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албица”, “Скулен-Ясы”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” и “Атаки-Могилёв-Подолский”.

Граждане Таджикистана, которые уже находятся в Польше, Румынии и Молдове в случае необходимости могут связаться с ответственными со следующими сотрудниками наших дипломатических представительств:

- Посольство Таджикистана в Молдове (с резиденцией в Киеве) по горячей линии +380933361040.

- Посольство Таджикистана в Польше (с резиденцией в Берлине) по горячей линии +4915238204875, WhatsApp +992988613755.

- Посольство Таджикистана в Румынии (с резиденцией в Вене) по горячей линии +436604806878, WhatsApp +992918243494.

Находящимся на территории Украины гражданам необходимо строго соблюдать предписания военного положения, сохранять спокойствие и по возможности оставаться в местах проживания.

https://www.mfa.tj/ru/main/view/9743/vnimaniyu-grazhdan-tadzhikistana-v-ukraine

Интервью Посла Таджикистана медиа-группе Азия-Плюс
27/02/2022

Интервью Посла Таджикистана медиа-группе Азия-Плюс

Назризода Давлат Хайдар рассказал «Азия-Плюс» что происходит в Украине, сколько таджикских граждан там сейчас находится и как им помогает посольство и местные диа...

24/02/2022

Муроҷиат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд

Бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.

https://www.mfa.tj/tg/main/view/9714/murojiat-ba-shahrvandoni-jumhurii-tojikiston-ki-dar-qalamravi-ukraina-qaror-dorand

Звернення до громадян Республіки Таджикистан, які перебувають в Україні

У зв'язку з введеним владою України з 24 лютого 2022 року військовим станом на всій території країни Посольство Республіки Таджикистан звертається до громадян Республіки Таджикистан, які перебувають на території України, з проханням суворо дотримуватися приписів оперативних штабів, зберігати спокій і по можливості залишатися вдома.

У разі виникнення проблем на території України наші громадяни можуть звертатися до гарячої лінії Посольства Республіки Таджикистан в Україні за номером +380933361040.


https://www.mfa.tj/ru/main/view/9714/obrashchenie-k-grazhdanam-respubliki-tadzhikistan-nakhodyashchimsya-v-ukraine

Обращение к гражданам Республики Таджикистан, находящимся в Украине

В связи с введенным властями Украины с 24 февраля 2022 года военным положением на всей территории страны Посольство Республики Таджикистан обращается к находящимся на территории Украины гражданам Республики Таджикистан с просьбой строго соблюдать предписания оперативных штабов, сохранять спокойствие и по возможности оставаться дома.

В случае возникновения проблем на территории Украины наши граждане могут обращаться на горячую линию Посольства Республики Таджикистан в Украине по номеру +380933361040.

https://www.mfa.tj/ru/main/view/9714/obrashchenie-k-grazhdanam-respubliki-tadzhikistan-nakhodyashchimsya-v-ukraine

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо вакили мардумии Украина, роҳбари гурӯҳи порлумонии Радаи Олии Украина оид ба робитаҳои бай...
22/02/2022

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо вакили мардумии Украина, роҳбари гурӯҳи порлумонии Радаи Олии Украина оид ба робитаҳои байнипарлумонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврали соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо вакили мардумии Украина, роҳбари гурӯҳи парлумонии Радаи Олии Украина оид ба робитаҳои байнипарлумонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Денис Маслов баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар, таҳким ва густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тиҷорату иқтисод, татбиқи Протоколи ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина ибрози назар карданд.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/mulo-oti-safiri-to-ikiston-bo-vmulo-oti-safiri-to-ikiston-bo-vakili-mardumii-ukraina-ro-bari-gur-i-porlumonii-radai-olii-ukraina-oid-ba-robita-oi-bajniparlumon-bo-um-urii-to-ikiston/

Зустріч Посла Таджикистану з народним депутатом України, керівником депутатської групи Верховної Ради України з міжпарламентських зв'язків із Республікою Таджикистан

22 лютого 2022 року відбулася зустріч Посла Республіки Таджикистан в Україні Давлаталі Назрізода з народним депутатом України, керівником депутатської групи Верховної Ради України з міжпарламентських зв'язків із Республікою Таджикистан Денисом Масловим.

На зустрічі сторони обмінялися думками щодо поточного стану та перспектив розвитку відносин між двома країнами, зміцнення та розширення міжпарламентського співробітництва, торговельно-економічного співробітництва, про хід реалізації Протоколу шостого засідання Таджицько-Української міжурядової комісії з економічного співробітництва, а також з питань перебування громадян Таджикистану в Україні.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/mulo-oti-safiri-to-ikiston-bo-vmulo-oti-safiri-to-ikiston-bo-vakili-mardumii-ukraina-ro-bari-gur-i-porlumonii-radai-olii-ukraina-oid-ba-robita-oi-bajniparlumon-bo-um-urii-to-ikiston/

Встреча Посла Таджикистана с народным депутатом Украины, руководителем депутатской группы Верховной Рады Украины по межпарламентским связям с Республикой Таджикистан

22 февраля 2022 года состоялась встреча Посла Республики Таджикистан в Украине Давлатали Назризода с народным депутатом Украины, руководителем депутатской группы Верховной Рады Украины по межпарламентским связям с Республикой Таджикистан Денисом Масловым.

На встрече стороны обменялись мнениями о текущем состоянии и перспективах развития отношений между двумя странами, укреплении и расширении межпарламентского сотрудничества, торгово-экономического сотрудничества, о ходе реализации Протокола шестого заседания Таджикско-Украинской межправительственной комиссии по экономическому сотрудничеству, а также по вопросам пребывания граждан Таджикистана в Украине.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/mulo-oti-safiri-to-ikiston-bo-vmulo-oti-safiri-to-ikiston-bo-vakili-mardumii-ukraina-ro-bari-gur-i-porlumonii-radai-olii-ukraina-oid-ba-robita-oi-bajniparlumon-bo-um-urii-to-ikiston/

Meeting of the Ambassador of Tajikistan with the people’s deputy of Ukraine, head of the parliamentary group of the Verkhovna Rada of Ukraine on inter-parliamentary relations with the Republic of Tajikistan

On February 22, 2022, the Ambassador of the Republic of Tajikistan to Ukraine Davlatali Nazrizoda met with the People’s Deputy of Ukraine, head of the parliamentary group of the Verkhovna Rada of Ukraine for inter-parliamentary relations with the Republic of Tajikistan Denis Maslov.

At the meeting, the parties exchanged views on the current state and prospects for the development of relations between the two countries, strengthening and expanding inter-parliamentary cooperation, trade and economic cooperation, on the implementation of the Protocol of the sixth meeting of the Tajik-Ukrainian intergovernmental commission on economic cooperation, as well as on the issues of the stay of citizens of Tajikistan in Ukraine.

http://tajemb.kiev.ua/en/embassynews/meeting-of-the-ambassador-of-tajikistan-with-the-peoples-deputy-of-ukraine-head-of-the-parliamentary-group-of-the-verkhovna-rada-of-ukraine-on-inter-parliamentary-relations-with-the-republic-of-tajik/

Боздиди Сафири Тоҷикистон аз масҷиди Ар-Раҳмаи Киев ва вохӯрӣ бо Муфтии олии Украина17 феврали соли 2022 дар масҷиди Ар-...
18/02/2022

Боздиди Сафири Тоҷикистон аз масҷиди Ар-Раҳмаи Киев
ва вохӯрӣ бо Муфтии олии Украина

17 феврали соли 2022 дар масҷиди Ар-Раҳмаи Киев вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Муфтии олии Украина, Роҳбари Идораи динии мусулмонони Украина шайх Аҳмед Тамим сурат гирифт.

Дар оғози суҳбат шайх Аҳмед Тамим дар бораи таърихи таъсисёбии Идораи динии мусулмонони Украина, ҳамкориҳо бо сохторҳои давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятҳои мусулмонӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, кишварҳои хориҷии мусулмонӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ташкилоти мазкур маълумоти муфассал дод.

Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҷойгоҳи дину мазҳаб дар низоми давлатдории ҷумҳурӣ ва ҷомеа, фаъолияти Шӯрои уламои Тоҷикистон, инчунин ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Украина иттилоъ дода, ба ҳамкорӣ бо диаспораи тоҷикони муқими Украина таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд.

Сипас ҳамсуҳбатон роҷеъ ба тақвияти ҳамкориҳои байни Идораи динии мусулмонони Украина ва Шӯрои уламои Тоҷикистон, таҳсили шаҳрвандон дар мактабҳои динӣ, роҳҳои мубориза бо экстремизми динӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Пас аз суҳбат Муфтии олии Украина Сафирро бо макони намозгузории масҷиди Ар-Раҳма, синфхонаҳои дарсомӯзӣ, чопхона, қитъаҳои замине, ки барои сохтмони бинои донишгоҳ ва мадраса пешбинӣ шудаанд, шинос намуд.

Боиси тазаккур аст, ки Идораи динии мусулмонони Украина соли 1992 таъсис ёфта, ҳоло бузургтарин ташкилоти мусулмонии ин кишвар мебошад.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/bozdidi-safiri-to-ikiston-az-mas-idi-ar-ra-mai-kiev-va-voh-r-bo-muftii-olii-ukraina/

Посол Таджикистану відвідав мечеть Ар-Рахма Києва
та зустрівся з Верховним муфтієм України

17 лютого 2022 року у мечеті Ар-Рахма м.Києва відбулася зустріч Посла Таджикистану в Україні Давлаталі Назрізода з Верховним муфтієм України, головою Духовного управління мусульман України шейхом Ахмедом Тамімом.

На початку бесіди шейх Ахмед Тамім дав докладну інформацію про історію створення Духовного управління мусульман України, співпрацю з державними органами, бізнесовими колами, мусульманськими громадами та іноземцями, закордонними мусульманськими країнами та іншими напрямками його діяльності.

Посол Таджикистану розповів про досягнення Таджикистану за роки незалежності, місце та роль релігії в державній системі та таджицькому суспільстві, діяльність Ради духовенства Таджикистану, а також співпрацю між Таджикистаном та Україною, приділив особливу увагу співпраці з таджицькою діаспорою в Україні.

Потім сторони обмінялися думками про зміцнення співпраці між Духовним управлінням мусульман України та Радою духовенства Таджикистану, навчання громадян у релігійних навчальних закладах, способи боротьби з релігійним екстремізмом та інші питання, що становлять взаємний інтерес.

Після зустрічі Верховний муфтій України ознайомив Посла з молитовною залою мечеті Ар-Рахма, навчальними класами, друкарнею, земельними ділянками, призначеними для будівництва університету та медресе.

Слід зазначити, що Духовне управління мусульман України було створено у 1992 році і на сьогоднішній день є найбільшою мусульманською організацією у країні.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/bozdidi-safiri-to-ikiston-az-mas-idi-ar-ra-mai-kiev-va-voh-r-bo-muftii-olii-ukraina/

Посол Таджикистана посетил мечеть Ар-Рахма Киева
и встретился с Верховным муфтием Украины

17 февраля 2022 года в мечети Ар-Рахма г.Киева состоялась встреча Посла Таджикистана в Украине Давлатали Назризода с Верховным муфтием Украины, главой Духовного управления мусульман Украины шейхом Ахмедом Тамимом.

В начале беседы шейх Ахмед Тамим дал подробную информацию об истории создания Духовного управления мусульман Украины, сотрудничестве с государственными органами, бизнес-кругами, мусульманскими общинами и иностранцами, зарубежными мусульманскими странами и другими направлениями его деятельности.

Посол Таджикистана рассказал о достижениях Таджикистана за годы независимости, место и роль религии в государственной системе и таджикском обществе, деятельности Совета духовенства Таджикистана, а также сотрудничестве между Таджикистаном и Украиной, уделил особое внимание сотрудничеству с таджикской диаспорой в Украине.

Затем стороны обменялись мнениями об укреплении сотрудничества между Духовным управлением мусульман Украины и Советом духовенства Таджикистана, обучении граждан в религиозных учебных заведениях, способах борьбы с религиозным экстремизмом и других вопросах, представляющих взаимный интерес.

После встречи Верховный муфтий Украины ознакомил Посла с молитвенным залом мечети Ар-Рахма, учебными классами, типографией, земельными участками, предназначенными для строительства университета и медресе.

Следует отметить, что Духовное управление мусульман Украины было создано в 1992 году и на сегодняшний день является крупнейшей мусульманской организацией в стране.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/bozdidi-safiri-to-ikiston-az-mas-idi-ar-ra-mai-kiev-va-voh-r-bo-muftii-olii-ukraina/

The Ambassador of Tajikistan visited Ar-Rahma mosque in Kyiv
and met with the Supreme M***i of Ukraine

On February 17, 2022, in the Ar-Rahma mosque in Kyiv, the Ambassador of Tajikistan to Ukraine Davlatali Nazrizoda met with the Supreme M***i of Ukraine, the head of the Spiritual administration of muslims of Ukraine, sheikh Ahmed Tamim.

At the beginning of the conversation, sheikh Ahmed Tamim gave detailed information about the history of the creation of the Spiritual administration of muslims of Ukraine, cooperations with government agencies, business circles, muslim communities and foreigners, foreign muslim countries and other areas of its activity.

The Ambassador of Tajikistan spoke about the achievements of Tajikistan over the years of independence, the place and role of religion in the state system and Tajik society, the activities of the Council of the clergy of Tajikistan, as well as cooperation between Tajikistan and Ukraine, paid special attention to cooperation with the Tajik diaspora in Ukraine.

Then the parties exchanged views on strengthening cooperation between the Spiritual administration of muslims of Ukraine and the Council of the clergy of Tajikistan, teaching citizens in religious educational institutions, ways to combat religious extremism and other issues of mutual interest.

After the meeting, the Supreme M***i of Ukraine acquainted the Ambassador with the prayer hall of the Ar-Rahma mosque, classrooms, a printing house, land plots intended for the construction of a university and a madrasah.

It should be noted that the Spiritual administration of muslims of Ukraine was established in 1992 and today is the largest muslim organization in the country.

http://tajemb.kiev.ua/en/embassynews/the-ambassador-of-tajikistan-visited-ar-rahma-mosque-in-kyiv-and-met-with-the-supreme-mufti-of-ukraine/

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Президенти Иттиҳодияи саноатгарон ва соҳибкорони Украина16 феврали соли 2022 вохӯрии Сафири...
16/02/2022

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Президенти
Иттиҳодияи саноатгарон ва соҳибкорони Украина

16 феврали соли 2022 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Президенти Иттиҳодияи саноатгарон ва соҳибкорони Украина, собиқ Сарвазири Украина Анатолий Кинах баргузор гардид.

Зимни суҳбат А.Кинах дар бораи фаъолияти Иттиҳодияи саноатгарон ва соҳибкорони Украина маълумот дода, зикр намуд, ки он чун сохтори муфиде байни сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла дар самти ҳамкориҳои хориҷӣ корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад.

Сипас ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина, аз ҷумла, роҷеъ ба рушди гардиши мол, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва баргузор намудани форуми соҳибкорони ду кишвар табодули назар намуданд.

Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки ду кишвар барои рушди ҳамкориҳо зарфияту имкониятҳои зиёд доранд, ки бояд мавриди истифода қарор бигиранд. Аз ҷумла, ӯ таъкид дошт, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шудаанд ва ин имкон медиҳад, ки ду кишвар ҷиҳати ҷалби сармоя, таъсис додани корхонаҳои муштарак тарҳҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

А. Кинах изҳор дошт, ки Иттиҳодияи саноатгарон ва соҳибкорони Украина ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо ширкатҳои тоҷикистонӣ баҳри таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷониба ва афзоиши гардиши мол байни ду кишвар ҳавасманд аст.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/voh-rii-safiri-to-ikiston-bo-prezidenti-itti-odiyai-sanoatgaron-va-so-ibkoroni-ukraina/

Зустріч Посла Таджикистану з
Президентом Спілки промисловців та підприємців

16 лютого 2022 року Посол Таджикистану в Україні Давлаталі Назрізода зустрівся з Президентом Спілки промисловців та підприємців України, колишнім Прем'єр-міністром України Анатолієм Кінахом.

У ході бесіди А.Кінах поінформував про діяльність Спілки промисловців та підприємців України, зазначивши, що це об'єднання виконує функції як дієва структура між державними органами та бізнесом, у тому числі у сфері зовнішньоекономічного співробітництва.

Потім сторони обмінялися думками щодо багатопланової співпраці між Таджикистаном та Україною, зокрема з питань збільшення товарообігу, залучення іноземних інвестицій, створення спільних підприємств та проведення бізнес-форуму підприємців двох країн.

Посол Таджикистану зазначив, що у наших країн існують великі потенціали та можливості для розвитку співпраці, які мають бути використані. Зокрема, він підкреслив, що указом Президента Республіки Таджикистан шанованого Емомалі Рахмона 2022 – 2026 роки оголошено «Роками розвитку промисловості», що дозволить двом країнам реалізувати конкретні проекти із залучення інвестицій та створення спільних підприємств.

А. Кінах повідомив, що Спілка промисловців та підприємців України зацікавлена у налагодженні торговельно-економічного співробітництва з таджицькими компаніями для зміцнення та розвитку двосторонніх відносин та збільшення товарообігу між двома країнами.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/voh-rii-safiri-to-ikiston-bo-prezidenti-itti-odiyai-sanoatgaron-va-so-ibkoroni-ukraina/

Встреча Посла Таджикистана с Президентом
Союза промышленников и предпринимателей Украины

16 февраля 2022 года Посол Таджикистана в Украине Давлатали Назризода встретился с Президентом Союза промышленников и предпринимателей Украины, бывшим Премьер-министром Украины Анатолием Кинахом.

В ходе беседы А.Кинах проинформировал о деятельности Союза промышленников и предпринимателей Украины, отметив, что данное объединение выполняет функции как действенная структура между государственными органами и бизнесом, в том числе, в сфере внешнеэкономического сотрудничества.

Затем стороны обменялись мнениями о многоплановом сотрудничестве между Таджикистаном и Украиной, в частности, по вопросам увеличения товарооборота, привлечения иностранных инвестиций, создания совместных предприятий и проведения бизнес-форума предпринимателей двух стран.

Посол Таджикистана отметил, что у наших стран существуют большие потенциалы и возможности для развития сотрудничества, которые должны быт использованы. В частности, он подчеркнул, что указом Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона 2022 - 2026 годы объявлены «Годами развития промышленности», что позволит двум странам реализовать конкретные проекты по привлечению инвестиций и созданию совместных предприятий.

А. Кинах сообщил, что Союз промышленников и предпринимателей Украины заинтересован в налаживании торгово-экономического сотрудничества с таджикскими компаниями для укрепления и развития двусторонних отношений и увеличения товарооборота между двумя странами.

http://tajemb.kiev.ua/embassynews/voh-rii-safiri-to-ikiston-bo-prezidenti-itti-odiyai-sanoatgaron-va-so-ibkoroni-ukraina/

Meeting of the Ambassador of Tajikistan with the
President of the Ukrainian League of Industrialists and Entrepreneurs

On February 16, 2022, the Ambassador of Tajikistan to Ukraine Davlatali Nazrizoda met with the President of the Ukrainian League of Industrialists and Entrepreneurs, former Prime Minister of Ukraine Anatoly Kinakh.

During the conversation, A. Kinakh informed about the activities of the Ukrainian League of Industrialists and Entrepreneurs, noting that this association functions as an effective structure between government agencies and business, including in the field of foreign economic cooperation.

Then the parties exchanged views on the multifaceted cooperation between Tajikistan and Ukraine, in particular, on the issues of increasing trade turnover, attracting foreign investment, creating joint ventures and holding a business forum of entrepreneurs of the two countries.

The Ambassador of Tajikistan noted that our countries have great potentials and opportunities for the development of cooperation, which should be used. In particular, he stressed that by the decree of the President of the Republic of Tajikistan, H.E. Emomali Rahmon, 2022-2026 years were declared the “Years of Industrial Development”, which will allow the two countries to implement specific projects to attract investment and create joint ventures.

A. Kinakh said that the Ukrainian League of Industrialists and Entrepreneurs is interested in establishing trade and economic cooperation with Tajik companies to strengthen and develop bilateral relations and increase trade between the two countries.

http://tajemb.kiev.ua/en/embassynews/meeting-of-the-ambassador-of-tajikistan-with-the-president-of-the-ukrainian-league-of-industrialists-and-entrepreneurs/

Address

Зверинецкий переулок, дом 3
Kyiv
01014

Opening Hours

Monday 09:00 - 18:00
Tuesday 09:00 - 18:00
Wednesday 09:00 - 18:00
Thursday 09:00 - 18:00
Friday 09:00 - 18:00

Telephone

+380443908998

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Посольство Республики Таджикистан в Украине posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Посольство Республики Таджикистан в Украине:

Share