Паймони Миллии Точикистон

Паймони Миллии Точикистон Национальный Альянс Таджикистана - общественно-политическая коалиция за построение демократического государства.

ЭЪЛОМИЯИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢПаймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба таваҷҷуҳи аъзо ва ҷонибдо...
06/04/2026

ЭЪЛОМИЯИ ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба таваҷҷуҳи аъзо ва ҷонибдорони худ мерасонад, ки бо қарорҳои роҳбарияти ПМТ дар сохторҳои намояндагии эътилоф тағйироти кадрии зерин ворид гардиданд:

Бо фармони роҳбари ПМТ, Муҳаммадраҷаб Шоҳимӣ аз вазифаи масъули Намояндагии ПМТ дар Ҷумҳурии Лаҳистон озод карда шуд. Ба ин симат Наҷибуллоҳ Назарзода таъин гардид.

Ҳамзамон, бо фармони роҳбари ПМТ, Шехов Абдулқодир ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи масъули Намояндагии ПМТ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон таъин карда шуд.

Инчунин, бо таъсиси Намояндагии ПМТ дар Британияи Кабир, Маҳмазариф Саидов ба вазифаи масъули ин намояндагӣ таъин гардид.

Паймони Миллии Тоҷикистон ба шахсони таъиншуда дар иҷрои вазифаҳои нав барору комёбӣ орзу намуда, изҳори умедворӣ мекунад, ки онҳо дар таҳкими фаъолияти сохторҳои ПМТ саҳми муассир хоҳанд гузошт.

Департаменти иттилооти ПМТ
6 апрели соли 2026

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба таваҷҷуҳи аъзо ва ҷонибдорони худ мерасонад, ки бо қарорҳои роҳбарияти ПМТ дар сохторҳои намояндагии эътилоф тағйироти кадрии з....

Паёми табрикотии Паймони миллии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр ва Наврӯзи байналмилалӣБа номи Худован...
19/03/2026

Паёми табрикотии Паймони миллии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр ва Наврӯзи байналмилалӣ

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон

Ҳамватанони азиз, бародарону хоҳарони гиромӣ!
Бо эҳсоси саршор аз муҳаббат ва эҳтиром, Паймони миллии Тоҷикистон фарорасии Иди саиди Фитр, анҷомбахши моҳи мубораки Рамазон, моҳи сабру тақво, моҳи худшиносиву поксозии рӯҳро ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯяд.
Моҳи шарифи Рамазон барои миллати мо на танҳо моҳи ибодат, балки мактаби бузурги ахлоқ, инсондӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ин моҳ ба мо меомӯзад, ки дардҳои якдигарро эҳсос намоем, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз кунем ва дар роҳи адолат, ростӣ ва виҷдони пок устувор бимонем.
Имсол, бо фазли Худованд, ин иди муборак бо фарорасии иди баҳор, Наврӯзи оламафрӯз, иди бостонии ниёгони мо, навсозии зиндагӣ ва оғози рӯ ба сарсабзӣ овардани табиат рост омадааст. Ба ҳам омадани ду иди пуршукӯҳ пайвандии арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии миллатро таҳким мебахшад. Аз як сӯ покии рӯҳ туфайли ибодатҳои моҳи шарифи Рамазон ва аз сӯи дигар эҳёи зиндагӣ бо омадани баҳор шодию фараҳ ва болидагии миллатро афзун мекунад.
Иди Наврӯз ҳам, ки бо таърихи куҳанаш ба мо мерос омадааст, моро ба иттиҳод, дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Рамазон бошад, дилҳоро бо нури имон, сабр ва тақво равшан месозад. Вақте ин ду иди бузург ба ҳам меоянд, он гӯё паёмест аз ояндаи равшан, ояндае, ки дар он миллат бо рӯҳи пок ва иродаи қавӣ ба сӯи пешрафт қадам мениҳад.
Ҳамватанони гиромӣ!
Имрӯз Тоҷикистон ба умед, ваҳдат ва бедорӣ бештар аз ҳар вақти дигар ниёз дорад. Мо бовар дорем, ки бо такя ба арзишҳои волои имониву инсонӣ, бо ҳифзи фарҳанги миллӣ ва бо иродаи қавии мардум, кишвари мо метавонад ба сӯи адолат, озодӣ ва шукуфоӣ роҳ ёбад.
Бигзор, ин айём бо инояти Парвардигор барои ҳар хонадони тоҷик баракат, сулҳ ва хушбахтӣ оварад. Бигзор қалбҳо аз кина пок шуда, ҷойи онро муҳаббат, ваҳдат ва ҳамдигарбахшӣ бигирад. Бигзор омадани баҳор ва баракати Рамазон оғози марҳилаи нави умеду эҳё барои сарсабзиву хуррамии Тоҷикистони азизи мо бошад.
Иди саиди Фитр ва Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!

Бо беҳтарин таманниёт,
Паймони миллии Тоҷикистон

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон Ҳамватанони азиз, бародарону хоҳарони гиромӣ! Бо эҳсоси саршор аз муҳаббат ва эҳтиром, Паймони миллии Тоҷикистон фарорасии...

08/03/2026
Паёми табрикии Паймони Миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модарон ва рӯзи байналмилалии ҳуқуқи занон – 8 мартБо эҳтиро...
08/03/2026

Паёми табрикии Паймони Миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модарон ва рӯзи байналмилалии ҳуқуқи занон – 8 март

Бо эҳтироми самимӣ ва арҷгузории амиқ, Паймони Миллии Тоҷикистон ҳамаи бонувон ва модарони гиромиро ба муносибати Рӯзи Модарон ва рӯзи байналмилалии ҳуқуқи занон табрику таҳният мегӯяд.

Ин рӯз танҳо як санаи тақвимӣ набуда, рамзи муборизаҳои тӯлонӣ, ҷасорат, ирода ва талошҳои пайгиронаи занон барои адолат, баробарҳуқуқӣ ва шарафмандона зиндагӣ кардан мебошад. Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки ҷомеае, ки дар он занон аз ҳуқуқ, имконият ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ маҳруманд, наметавонад ҷомеаи озод, пешрафта ва адолатпарвар бошад.

Мо бар ин боварем, ки шаъну каромати зан ин шаъну каромати ҷомеа аст. Ҳеҷ миллате наметавонад ба рушду пешрафт ноил гардад, агар нисбат ба шаъну шарафи занон беэътиноӣ кунад ё ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд созад. Иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар яке аз пояҳои асосии бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи мардуммеҳвар мебошад.

Бо вуҷуди ин, мутаассифона, воқеияти имрӯзии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занон ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст. Маҳдудиятҳо ба озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ ва нодида гирифтани нақши зан дар ҷомеа ҳанӯз ҳам аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.
Дардовар аст, ки ҳазорон бонувони тоҷик ба хотири набудани шароити зиндагӣ имрӯзҳо муҳоҷиру хонабардуш шудаанд. Ҳазорон фарзандони онҳоро шароит аз ҷигарбандонашон ҷудо намуда, дучори дурию фироқ кардааст.
Ҳамчунин, имрӯзҳо дар кишвар заноне низ ҳастанд, ки танҳо барои мавқеи шаҳрвандӣ ва фаъолияти иҷтимоии худ ба маҳрумият аз озодӣ гирифтор шудаанд.

Номҳои бонувоне чун Улфатхоним Мамадшоева, Шоҳида Мамадҷонова, Рухшона Ҳакимова ва дигарон барои ҷомеаи мо рамзи ҷасорат, истодагӣ ва садоқат ба арзишҳои адолат ва ҳақиқат гардидаанд. Мавҷудияти чунин зиндониёни сиёсӣ худ далели равшани вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи инсон дар кишвар мебошад.

Паймони Миллии Тоҷикистон бо эҳсоси масъулияти миллӣ ва шаҳрвандӣ таъкид мекунад, ки мубориза барои озодӣ, адолат ва баробарҳуқуқӣ бидуни ҳузур ва саҳми фаъоли занон комил нахоҳад буд. Мо ҳамеша барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои занон, озодии бонувони зиндонии сиёсӣ, наҷоти онон аз муҳоҷирати маҷбурӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда талош хоҳем кард.

Дар ин рӯз, мо ба ҳамаи бонувони тоҷик саломатӣ, нерӯ, устуворӣ ва комёбиҳои бештар орзу намуда, умед дорем, ки ояндаи Тоҷикистон бо иштироки фаъоли занон ба сӯи озодӣ, адолат ва ҷомеаи инсонмеҳвар роҳ хоҳад бурд.

Бо эҳтиром,
Паймони Миллии Тоҷикистон
8 март 2026

26/02/2026

Иштироки ПМТ дар Конфронси байналмилалии Париж оид ба ҳуқуқи қурбониёни ҷанги Украина
Охири ҳафтаи гузашта, 20 феврали 2026 дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж, Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Чор сол баъд аз таҷовузи густурда ба Украина: ҳуқуқи қурбониён кадомҳоянд?» (Four years after the full-scale invasion of Ukraine: what rights for the victims?) баргузор гардид, ки ба баррасии ҳуқуқи қурбониёни ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва таҷовуз бахшида шуда буд. Чорабинӣ дар Maison de la Chimie дар Париж бо иштироки доираи васеи коршиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ ва муҳаққиқон баргузор шуд.
Роҳбарии илмии конфронсро ҳуқуқшиноси фаронсавӣ Никола Линёл бар уҳда дошт ва чорабинӣ бо ҳамкории як қатор ниҳодҳо, аз ҷумла UPEC – Université Paris-Est Créteil, Пойгоҳи таҳқиқии MIL ва созмони Fonds Ukrainien des Volontaires Internationaux (FUVI) ташкил шуда буд.
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ, намояндагони мухолифини тоҷик ба ин нишасти байналмилалӣ бо сабаби мавқеи рӯшан ва фаъоли онҳо дар масъалаи Украина даъват шуданд. Ӯ таъкид кард, ки ҷомеаи сиёсии тоҷик дар хориҷ аз кишвар аз оғози таҷовузи Русия мавқеи муайян гирифта, дар ҳадди имконият барои ҳимояти истиқлол ва тамомияти арзии Украина талош кардааст.
Дар мизи гирд, дар ҳошияи ин Конфронс табибон ва мутахассисон, аз ҷумла Профессор Марион Тройзелард ва Доктор Аврора Малет Карас таъсири осебҳои ҷангиро ба қурбониён баррасӣ карданд. Ҳамчунин масъалаи интизориҳои қурбониён аз адолати пас аз генотсид аз ҷониби Доктор Пиерре Фолдес матраҳ шуд.
Коршиносон таҷрибаи ҳуҷҷатгузории ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангӣ ва пешгирии осебпазирии шоҳидонро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин як мизи гирде дар ҳошияи ин конфронс ба нақши СММ, Суди ҷиноии байналмилалӣ (CPI/ICC) ва механизмҳои барқарорсозии ҳуқуқи қурбониён бахшида шуд.
Ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ, дар ҳошияи конфронс ҳамчунин бо ҳайати ПМТ як силсила мулоқотҳои сатҳи баланд ташкил гардид. Аз ҷумла: вохӯрӣ бо як узви Сенати Фаронса, ки масъули ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ дар самти Осиёи Марказӣ низ мебошад. Илова бар ин мулоқот бо сиёсатмадорон ва коршиносони фаронсавӣ ва украинии соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ доир шуд.
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ҷонибҳои фаронсавӣ аз фаъолиятҳои мухолифин ва муҳоҷирони тоҷик дар ҳимояти арзишҳои озодӣ истиқбол кардаанд.
Кабирӣ изҳор намуд, ки иштироки намояндагони тоҷик дар чунин форумҳои байналмилалӣ барои муаррифии мавқеи ҷомеаи тоҷик дар хориҷ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ муҳим аст. Ӯ афзуд, ки мухолифин ва муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар ҳимояти арзишҳои муштараки озодӣ, истиқлол ва ҳуқуқи инсон нақши мусбат бозанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин конфронс нишон дод, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ дар раванди ҳимояти қурбониёни ҷанг таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.
Ҳамин тавр Конфронси Париж як платформаи муҳими илмӣ-сиёсӣ барои баррасии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни ҷанги Украина гардид. Ҳузури намояндагони ПМТ дар ин нишаст нишон медиҳад, ки ПМТ тадриҷан ба гуфтугӯҳои байналмилалӣ дар мавзуъҳои амният, ҳуқуқи инсон ва адолати байналмилалӣ ҷалб мешавад.

Департаменти Иттилооти ПМТ

Ба номи Худованди Бахшоянда ва бениҳоят МеҳрубонПаймони миллии Тоҷикистон фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба тамоми му...
18/02/2026

Ба номи Худованди Бахшоянда ва бениҳоят Меҳрубон

Паймони миллии Тоҷикистон фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, бахусус ба мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд.

Моҳи Рамазон моҳи раҳмату мағфират, моҳи худсозӣ ва тақвост. Рамазон моҳест, ки дар он арзишҳои волои инсондӯстӣ, адолат, сабр ва ҳамдигарфаҳмӣ эҳё мегарданд.

Дар шароити ҳассоси имрӯзи ҷаҳон, замоне, ки ҷангҳо, бесуботӣ, фақр ва зулм дар гушаву канори олам, аз ҷумла дар иддае аз кишварҳои мусалмонӣ қалби башариятро захмӣ кардаанд, Рамазон омад, то ба ҷаҳони пурғубор паёми равшан диҳад, ки метавон бо сабру матонат аз торикӣ ба рӯшноӣ баромад, нафратро ба муҳаббат табдил дод ва бо истодагарӣ ва устуворӣ метавон ба сӯи мурод расид.

Мардуми Тоҷикистон низ ин моҳи шарифро дар вазъияте истиқбол мегиранд, ки бо мушкилоти сангини иқтисодӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ, маҳдуд шудани фазои озоди шаҳрвандӣ ва фишор бар арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ ҳамроҳ мебошад. Бо вуҷуди ин, мо итминон дорем, ки иродаи матин, имон ва умеди мардум нерӯест, ки метавонад роҳи фардои беҳтарро боз кунад.

Паймони миллии Тоҷикистон умедвор аст, ки моҳи Рамазон барои ҳамаи мусалмонон, аз ҷумла барои ҳамватанони мо, моҳи ҳамдилӣ, оромиши руҳӣ, эҳёи виҷдон ва тақвияти иродаву имон гардад.
Аз Худованди Мутаъол мехоҳем, ки дуоҳои рӯзадоронро қабул намуда, ба мардуми Тоҷикистон сулҳи воқеъӣ, ҳамдилӣ, адолат, амният, зиндагии шоиста ва ояндаи нек ато фармояд.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бод!

Бо эҳтиром,
Паймони миллии Тоҷикистон

30/01/2026
Statement of the National Alliance of TajikistanThe National Alliance of Tajikistan condemns the recent statements made ...
30/01/2026

Statement of the National Alliance of Tajikistan

The National Alliance of Tajikistan condemns the recent statements made by certain media and ideological figures in the Russian Federation that contain threats to the independence of post-Soviet countries, particularly Tajikistan.

We emphasize that independence, territorial integrity, and the sovereign equality of states are fundamental principles of international law, and calling them into question undermines trust, stability, and security in the region.

Intergovernmental relations must be built on the basis of mutual respect, the inviolability of borders, and peaceful coexistence.

The National Alliance of Tajikistan believes that in such circumstances, a clear and responsible stance by the authorities is of particular importance. An open expression of position in defense of national interests and state independence contributes to strengthening the confidence of society and international partners.

In light of recent geopolitical developments, the National Alliance of Tajikistan considers it important to comprehensively review the issue of the presence of foreign military bases on the territory of Tajikistan within the framework of national interests, state security, and regional stability.

We believe that the territory of the Republic of Tajikistan should not be used to exert pressure, pose threats, or create risks for neighboring countries. Tajikistan can and should play a constructive role in strengthening peace, cooperation, and regional trust.

The National Alliance of Tajikistan welcomes and expresses gratitude for the clear positions and prompt responses of the responsible authorities of Uzbekistan and Kazakhstan in Central Asia, as well as Armenia and Azerbaijan in the Caucasus, aimed at protecting a healthy political environment and respecting the independence of the states of the region.

As an inseparable part of the Tajik nation and a representative of the interests of the people of Tajikistan, we express our readiness to cooperate with neighboring and friendly countries in strengthening peace, stability, and development in the region.

National Alliance of Tajikistan
27 January 2026

30/01/2026

Мухиддин Кабири: Куда делся Рахмон? Арест или болезнь?Почему Эмомали Рахмон цепляется за кириллицу и как это связано с его зависимостью от Путина? Обсуждаем,...

27/01/2026

Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2026.(Видео).
Сухангӯи ПМТ ва роҳбари Департаменти Иттилооти ПМТ Шавкати Муҳаммад .

Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон.  Паймони Миллии Тоҷикистон изҳороти охири бархе аз шахсиятҳои расонаӣ ва идеологӣ да...
27/01/2026

Изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон.

Паймони Миллии Тоҷикистон изҳороти охири бархе аз шахсиятҳои расонаӣ ва идеологӣ дар Федератсияи Русия, ки дар он таҳдид ба истиқлолияти кишварҳои пасошӯравӣ алалхусус Тоҷикистон садо дод маҳкум мекунад.
Мо таъкид мекунем, ки истиқлолият, тамомияти арзӣ ва баробарҳуқуқии давлатҳо арзишҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ буда, зери суол гузоштани онҳо ба эътимод, субот ва амнияти минтақа осеб мерасонад.
Муносибатҳои байнидавлатӣ бояд бар пояи эҳтироми мутақобил, дахлнопазирии марзҳо ва ҳамзистии осоишта бунёд ёбанд.

ПМТ бар ин назар аст, ки дар чунин вазъият мавқеи рӯшан ва масъулонаи мақомот аҳамияти махсус дорад. Ибрози мавқеи ошкоро дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба таҳкими эътимоди ҷомеа ва шарикони байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Бо дарназардошти таҳаввулоти геополитикии охир, ПМТ зарурати баррасии ҳамаҷонибаи масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистонро дар доираи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлатӣ ва суботи минтақавӣ муҳим мешуморад.

Мо бар онем, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд барои эҷоди фишор, таҳдид ё хатар нисбат ба кишварҳои ҳамсоя истифода шавад. Тоҷикистон метавонад ва бояд нақши созанда дар таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва эътимоди минтақавӣ дошта бошад.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз мавқеи равшан ва вокуниши сареъи масъулини Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ ва инчунин Арманистону Озарбойҷон дар Қавқоз, ки ба ҳимояи фазои солими сиёсӣ ва эҳтироми истиқлолияти давлатҳои минтақа равона шудааст, истиқбол намуда, изҳори сипос менамояд.

Мо, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи миллати тоҷик ва намояндаи манфиатҳои сокинони Тоҷикистон, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дӯст дар роҳи таҳкими сулҳ, субот ва рушд дар минтақа изҳор медорем.

Паймони Миллии Тоҷикистон
27 январи соли 2026.

Иттилои Паймони Миллии Тоҷикистон.Аз 21 январи соли 2026. Баъд аз интихоботи ҳайати ҷадиди Шӯрои ПМТ, ки санаи 1 ноябри ...
21/01/2026

Иттилои Паймони Миллии Тоҷикистон.
Аз 21 январи соли 2026.

Баъд аз интихоботи ҳайати ҷадиди Шӯрои ПМТ, ки санаи 1 ноябри соли 2025 баргузор шуда буд, аз ҷониби Шӯро "Гурӯҳи корӣ" таъсис ёфт, ки вазифаи асосии он аз пешниҳоди роҳкорҳо дар мавриди масири минбаъдаи ПМТ, масъалаи кадрҳо ва корҳои сохторӣ ва ташкилӣ иборат буд.
Гурӯҳи корӣ дар муддати ду моҳ ба Шӯро тавсияҳои худро зина ба зина пешниҳод мекард ва Шӯро баъд аз баррасии ҳар як мавзӯъ қарорҳои худро қабул кард:

- Гурӯҳи корӣ ба Шӯрои ПМТ тавсия дод, то дар вазъияти кунунӣ масъалаи интихоби роҳбари ҷадиди Паймони Миллии Тоҷикистон баррасӣ нашавад ва Муҳиддин Кабирӣ масъулияти худро давом диҳад.

- Шӯрои ПМТ бо тариқи райдиҳӣ тавсияи Гурӯҳи кориро қабул кард ва ба уҳдаи Муҳиддин Кабирӣ масъулияти Роҳбари ПМТ вогузор карда шуд.

- Инчунин бо Қарори Шӯрои ПМТ Алим Шерзамонов, Шамсиддини Саид ва Салим Султонзода муовинони Роҳбари ПМТ интихоб шуданд.

- Шӯрои ПМТ дар сохтори ПМТ низ таъғирот ворид кард. Аз ин ба баъд Паймони Миллии Тоҷикистон аз чаҳор Департамент, як Маркази таҳлилӣ ва Дастгоҳи ПМТ иборат мебошад.

- Бо қарори Шӯрои ПМТ:
-Шавкати Муҳаммад масъули Департаменти Иттилоъот ва ҳамзамон Сухангӯи ПМТ,
- Абдулқодир Шехов масъули Департаменти равобити хориҷӣ,
- Фарҳод Одинаев масъули Департаменти ҳуқуқ ва муҳоҷират,
- Муҳаммади Тешаев масъули Департаменти молия,
- Темур Варқӣ роҳбари Маркази таҳлилӣ,
- Илҳомҷон Ёқубзода роҳбари Дастгоҳи ПМТ таъин шуданд.

Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон.

Adres

Emilii Plater 49
Warsaw
00-125

Telefon

+33783201412

Strona Internetowa

Ostrzeżenia

Bądź na bieżąco i daj nam wysłać e-mail, gdy Паймони Миллии Точикистон umieści wiadomości i promocje. Twój adres e-mail nie zostanie wykorzystany do żadnego innego celu i możesz zrezygnować z subskrypcji w dowolnym momencie.

Skontaktuj Się Z Ta Organizacja

Wyślij wiadomość do Паймони Миллии Точикистон:

Udostępnij