22/11/2024
Вохӯрӣ бо курсантони тоҷик, ки дар академияи Сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил мекунанд
21 ноябри соли 2024 дар Академияи сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии атташеи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин котиби сеюми консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато бо курсантон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин муассиса таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони консулгарӣ бо шароити зиндагӣ, ҷараёни таҳсил ва рӯзгори курсантон шинос шуданда, ба масъалаҳои марбут ба таъмин намудани курсантҳо бо лавозимоти дарсӣ ва шароити ғизо диққати махсус дода шуд.
Атташеи ҳарбӣ ва котиби сеюм бо курсантон суҳбати озод анҷом дода, фикру пешниҳодҳои онҳоро шуниданд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷударо баррасӣ намуданд. Намояндагон ҳамчунин бо роҳбарият ва нозирони донишкада мулоқот анҷом дода, барои таҳкими ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи курсантҳои тоҷик тадбирҳо пешниҳод карданд.
Ба курсантон ёдовар карда шуд, ки риояи қатъии интизом, муносибати ҷиддӣ ба таҳсил ва эҳтиром ба устодон яке аз шартҳои асосии муваффақият мебошад. Таъкид гардид, ки омӯзиши фаъол ва такмили малакаҳои касбӣ на танҳо ба рушди шахсӣ мусоидат мекунад, балки асоси хидмат ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оянда фароҳам меорад.
_________________________________________
Встреча с таджикскими курсантами, обучающимися в Пограничной академии Комитета национальной безопасности Республики Казахстан
21 ноября 2024 года состоялась встреча Военного атташе Республики Таджикистан в Республике Казахстан и Кыргызской Республике, а также Третьего секретаря Генерального консульства Республики Таджикистан в г.Алматы с курсантами-гражданами Таджикистана, обучающимися в Пограничной академии Комитета национальной безопасности Республики Казахстан.
В ходе встречи представители таджикской стороны ознакомились с условиями проживания, учебного процесса и быта курсантов. Особое внимание было уделено обсуждению вопросов обеспечения курсантов необходимым обмундированием и условиями питания.
Военный атташе и Третий секретарь провели открытую беседу с курсантами, в рамках которой выслушали их мнения и пожелания, а также обсудили пути решения возникающих вопросов. Также представители встретились с руководством и кураторами Академии, чтобы укрепить взаимодействие и обеспечить максимальную поддержку таджикским курсантам.
Курсантам было напомнено о важности строгого соблюдения дисциплины, усердно учится, следования правилам и уважения к наставникам. Подчеркивалось, что серьёзное отношение к учебе и развитию профессиональных навыков не только откроет перед ними перспективы, но и станет основой для служения интересам Республики Таджикистан в будущем.