Embassy of the Republic of Tajikistan in Tehran

Embassy of the Republic of Tajikistan in Tehran page of the Embassy of the Republic of Tajikistan in Tehran! Cаҳифаи расмии Ф

Мулоқоти Сафир бо муовини Вазири додгустарии Эрон10 августи соли 2026 дар Теҳрон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...
11/08/2026

Мулоқоти Сафир бо муовини Вазири додгустарии Эрон

10 августи соли 2026 дар Теҳрон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири додгустарӣ (адлия)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Аскар Ҷалолиён баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими равобити дуҷониба, аз ҷумла таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба, пайгирии иҷрои санадҳои баимзорасида байни мақомоти дахлдори ду кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони тарафҳо ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷониба баррасӣ шуданд.

***************

سفیر تاجیکستان با معاون وزیر دادگستری ایران دیدار کرد

در تاریخ 10 آگوست 2026، دیداری بین نظام‌الدین زاهدی، سفیر جمهوری تاجیکستان در جمهوری اسلامی ایران و عسکر جلالیون، معاون وزیر دادگستری جمهوری اسلامی ایران در تهران برگزار شد.

در این دیدار، مسائل مهم روابط دوجانبه، از جمله تقویت مبانی قراردادی و حقوقی روابط دوجانبه، نظارت بر اجرای اسناد امضا شده بین مقامات ذی‌صلاح دو کشور، حفاظت از حقوق و منافع شهروندان طرفین و همچنین سایر مسائل مهم دوجانبه مورد بحث و بررسی قرار گرفت.

طرفین بر آمادگی خود برای گسترش بیشتر همکاری‌ها بین دو کشور تأکید کردند.

Tajikistan - the lend of unique Heritage.
06/08/2026

Tajikistan - the lend of unique Heritage.

Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар Эрон29-уми июли соли 2026 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ...
30/07/2026

Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар Эрон

29-уми июли соли 2026 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавии муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрӯдӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд. Дар ин замина ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика таваҷҷуҳи вежа зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ба идомаи ҳамоҳангиҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок таъкид карданд.

********''
Review of Bilateral Cooperation in Iran

On 29 July 2026, the Ambassador of the Republic of Tajikistan H.E. Dr. Nizomiddin Zohidi met with H.E. Mr. Ali Najafi Khoshroudi, Deputy for International and Regional Cooperation to the First Vice President of the Islamic Republic of Iran.

During the meeting, the parties exchanged views on further expanding bilateral cooperation in areas of mutual interest, with particular emphasis on the transport and energy sectors.

The parties also expressed satisfaction with the positive development of friendly relations and mutually beneficial cooperation between the two countries and reaffirmed their readiness to continue coordination and advance joint initiatives in priority areas.

Нишасти бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Теҳрон15.07.2026 00:1314 июли соли 2026 дар Муассисаи фарҳангии Созмони ...
15/07/2026

Нишасти бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Теҳрон

15.07.2026 00:13

14 июли соли 2026 дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон нишасти бузургдошти шоир, ориф ва мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ, ки бо иштироки донишмандон, пажӯҳишгарон ва дипломатҳои кишварҳои узви СҲИ баргузор шуд, роҳҳои ҳифз, таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашри осори  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ Мир Сайид Алии Ҳамадониро ҳалқаи пайванди миллатҳо ва фарҳангҳои минтақа номида, таъкид кард, ки андешаҳои ӯ ҳамчун манбаи донишу маърифат ва ахлоқу ҳикмат метавонанд дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни миллатҳо саҳми арзанда гузоранд.

Н.Зоҳидӣ  аз ҷойгоҳи вижаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, гуфт, ки оромгоҳи ин шахсияти бузург  дар шаҳри бостонии Кӯлоби Тоҷикистон қарор дорад ва андеша, осор ва мактаби маънавии ӯ бахши муҳимме аз ҳувияти фарҳангии миллати тоҷикро ташкил медиҳад.

Дар идома таъкид гардид, ки дар замони Истиқлоли Тоҷикистон бо ибтикороти  ҳувиятсози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1995 ва 2015 дар Тоҷикистон ҷашнҳои бузургдошти 680 - солагӣ ва 700 - солагии  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ширкати донишмандон аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор гардиданд. Дар доираи омодагӣ ба бузургдоштҳои мазкур  муҳаққиқону донишмандони кишвари мо бахши бузурге аз  осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро таҳқиқ, тасҳеҳ ва мунташир намуданд ва имрӯз ҳам дар ниҳодҳои илмии кишвар омӯзиш ва пажӯҳиши осори ин ориф ва мутафаккири бузург идома дорад.

Дар фарҷом Сафири Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти ҳамадонишиносӣ, ҷамъоварӣ, таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашри мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як қатор пешниҳодҳои амалӣ ироа намуд.

Дар нишаст ҳамчунин роҳбарияти Муассисаи фарҳангии СҲИ, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва пажӯҳишии Эрон, Тоҷикистон ва Покистон, инчунин дигар муҳаққиқони соҳаи нусхашиносӣ ва ҳамадонишиносӣ суханронӣ намуданнд.

Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон13 июли соли 2026 дар шаҳри Теҳрон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон ...
14/07/2026

Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон

13 июли соли 2026 дар шаҳри Теҳрон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо вазири роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ баргузор гардид.

Ҳамчунин мулоқотҳои ҷудогонаи ҳайати Тоҷикистон бо муовини вазири роҳ ва шаҳрсозӣ, раиси Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон Муҳаммади Шакибинасаб ва муовини вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон, раиси Роҳи оҳани Эрон Ҷаббор Алӣ Зокирӣ доир шуданд.

Зимни ин мулоқотҳо масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи роҳу нақлиёт, ба хусус афзоиши интиқоли мол аз тариқи масирҳои транзитии ҷонибҳо ва таъсиси маркази логистикӣ дар бандари Чобаҳор мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Мулоқотҳо дар фазои анъанавии дӯстона ва созанда баргузор гардид.

***********
Meeting with the Minister of Roads and Urban Development of Iran

On July 13, 2026, the delegation of Tajikistan headed by Deputy Minister of transport of the Republic of Tajikistan Shoista Saidmurodzoda met with the Minister of Roads and Urban Development of the Islamic Republic of Iran Farzaneh Sadegh.

Also separate meetings of the Tajikistan delegation with the Deputy Minister, Roads and Urban Development, head of Ports and Maritime Organization of Iran Mohammad Shakibi Nasab and Deputy Minister, Roads and Urban Development, President of the Railways of  Iran Jabbar Ali Zakeri were held.

During this meetings, issues related to bilateral cooperation in the field of road and transportation were discussed. In particular, the parties focused on increasing the transportation of goods along transit routes and the establishment of a logistics center at the Port of Chobahar.

The meetings were held in a friendly and constructive atmosphere.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид. 24 июни соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
28/06/2026

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид.

24 июни соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, ки бо сафари корӣ дар Теҳрон қарор доранд, инчунин соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Теҳрон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронии табрикии худ аҳаммият ва ҷойгоҳи таърихии Ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдории тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва пешрафти устувори кишвар таъкид намуда, нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид кард.

Дар идомаи чорабинӣ Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дастовардҳои кишварро дар даврони истиқлол ва нақши ваҳдатро дар пешбурди сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат муҳим арзёбӣ намуд.

Раиси Дафтари минтақавии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) –и СММ дар Эрон, шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Тоҳиров низ зимни суханронии худ аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар солҳои истиқлол ва аҳаммияти Ваҳдати миллӣ дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуд.

Сипас, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоҳмансури Шоҳмирзо дар васфи Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат шеърҳои худро қироат намуда, иштирокдоронро бо ин ҷашни муҳими миллӣ табрик гуфт.

Дар ҷараёни чорабинӣ наворҳои видеоӣ доир ба Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва раванди рушду тавсеаи кишвар дар солҳои Истиқлолият, ҳамчунин сурудҳои ватандӯстонаи хонандагони маъруфи тоҷик дар васфи Ватан, миллат ва Истиқлол пахш гардиданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ гӯшаҳои китобҳои Пешвои миллат ва адибони тоҷик ба хатти форсӣ, намунаҳое аз ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон пешниҳод карда шуданд.

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён18.06.2026 14:2618 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пе...
18/06/2026

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

18.06.2026 14:26

18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли эҳтиром Шумо ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона табрик мегӯям.

Мо медонем, ки дастрасӣ ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуд ва маҳсули талошҳои зиёду иродаи қавии он мебошад. Бовар дорам, ки мувофиқаҳои дар ин зимн ҳосилшуда барои таъмини сулҳи устувор ва фарогир дар Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии пойдор аҳаммияти калидӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокирот ва муколамаи дипломатӣ, аз ин рӯйдоди муҳим истиқбол менамояд.

Бо умеди рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни кишварҳои мо, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу амнияти пойдор ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».

Мулоқоти Сафир бо муовини вазири нафти Эрон16 июни соли 2026 Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти...
16/06/2026

Мулоқоти Сафир бо муовини вазири нафти Эрон

16 июни соли 2026 Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидалӣ Муҳаммад Мусавӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкориҳо дар бахши нафту газ ва роҳандозии табодули таҷриба миёни мутахассисони соҳавиро баррасӣ карданд.

***************
دیدار سفیر با معاون وزیر نفت ایران

در تاریخ ۱۶ ژوئن ۲۰۲۶، نظام‌الدین زاهدی، سفیر تاجیکستان، با سیدعلی محمد موسوی، معاون وزیر نفت جمهوری اسلامی ایران، دیدار و گفت‌وگو کرد.

در این دیدار، دو طرف درباره گسترش همکاری‌ها در حوزه نفت و گاز و همچنین ایجاد سازوکارهایی برای تبادل تجربه میان کارشناسان این بخش بحث و تبادل نظر نمودند.

‎ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДОИР ГАРДИД‎‎🇹🇯🇮🇷26-уми майи соли 2026 дар шаҳри...
27/05/2026

‎ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДОИР ГАРДИД

‎🇹🇯🇮🇷26-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор гардид.

‎Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

‎Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии роҳбарони олии ду давлат муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Эрон имрӯз ба сатҳи сифатан нави рушд расидаанд.

‎Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд доранд. Аз ҷумла, дар се моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 119,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 миллион доллар ё 8 фоиз афзоиш ёфтааст.

‎Таъкид карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссия барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои судманд, фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати татбиқи тарҳҳои нави муштарак ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамзабон мусоидат хоҳад кард.

‎Дар фароварди ҷаласа ҳамраисони комиссия Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба имзо расониданд.

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён26.05.2026 Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии ...
26/05/2026

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
26.05.2026

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати Иди мубораки Қурбон мубодилаи табрикот анҷом доданд.

Пешвои миллат ба муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд. Президенти Тоҷикистон ҷараёни мусбати имрӯзаи густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид карданд.

Ҳамзамон, президентҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи ҷорӣ дар минтақаи Халиҷи Форс мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин замина Сарвари давлати мо бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути муколамаи созанда изҳори умед намуданд.

Address

Tehran, Shahid Zain'ali Str, 3rd Street No10
Tehran

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Embassy of the Republic of Tajikistan in Tehran posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Organization

Send a message to Embassy of the Republic of Tajikistan in Tehran:

Shortcuts

Share